Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Русия ал-Яум, «Пйер де Голл» набераи генерал Шарл де Голл ва ноиби раиси ҳайати доварони ҷоизаи сулҳи «Лев Толстой» дар изҳороти худ гуфт: ҷавонони Фаронса эътимоди худро ба сиёсатмадорон ва расонаҳои бузург аз даст додаанд.
Вай илова кард: ҷавонон бар ин боваранд, ки баъзе ҷараёнҳо ба онҳо дурӯғ мегӯянд, воқеиятҳоро таҳриф мекунанд ва қасдан ҳақоиқро аз онҳо пинҳон нигоҳ медоранд.
Набераи генерал де Голл дар бахши дигари изҳороти худ гуфт: умедвор аст раиси ҷумҳури ояндаи Фаронса аз хусусиятҳое бархӯрдор бошад, ки ба гуфтаи ӯ дар «Владимир Путин» вуҷуд дорад.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳукумати Фаронса дар ҳоли ҳозир аз ҳимояти камтар аз 20 дарсади мардум бархӯрдор аст.
Your Comment